Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ШАББОС НЕГМАТУЛЛОЕВ ДАР “ҶОМИ ЭЛОРДА” МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТ

04.07.2022

: 406

Варзишгари маъруфи кишвар, иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Шаббос Негматуллоев дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс – Ҷоми Элорда дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон медали биринҷӣ гирифт.

Мусобиқа, ки бо иштироки варзишгарон аз 10 давлат 30-юми июн шуруъ гардида буд, фардо – 5 июл ба анҷом мерасад.

Шаббос Негматуллоев дар вазни -80кг дар муҳорибаи аввалаш намояндаи кишвари мизбон Баиржан Баигоншеков, дар чорякфинал варзишгари Куба Салгадо Брайан Леонро мағлуб кард, вале дар нимфинал аз Танглатиан Аербекеи чинӣ шикаст хурда, ҷои сеюмро ишғол кард.

Варзишгари дигарамон Хусравхон Раҳимов дар вазни 57кг дар даври аввал аз варзишгари узбекистонӣ Дилшод Абдумуродов шикаст хурд.