Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПИРӮЗИИ РУҲАФЗО БАР АЙДА САНТАЛЛА ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС

ПИРӮЗИИ РУҲАФЗО БАР АЙДА САНТАЛЛА ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС ПИРӮЗИИ РУҲАФЗО БАР АЙДА САНТАЛЛА ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС ПИРӮЗИИ РУҲАФЗО БАР АЙДА САНТАЛЛА ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС ПИРӮЗИИ РУҲАФЗО БАР АЙДА САНТАЛЛА ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС

13.05.2022

: 398

Муштзани тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова 12-уми май дар аввалин муҳорибааш дар Чемпионати ҷаҳон дар вазни 50кг бар намояндаи Боливия Айда Санталла пирӯз шуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21 май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.

Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз ба ғайр аз Руҳафзо инчунин Сумайя Қосимова (48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50кг), Миҷгона Самадова (57кг) ва Шоира Зулқайнарова (63кг) намояндагӣ мекунанд.

Рӯзи қабл Шоира дар даври аввал бар намояндаи Ковейт Ҷ. Нура пирӯз гардида буд.

Ду варзишгарамон - Сумайя Қосимова дар вазни 48кг дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғория), Миҷгона Самадова (57кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) мағлуб шуда, аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.

Руҳафзо Ҳақназарова дар даври дуюм бо варзишгари Колумбия Ингрит Лорена Викториа муҳориба мекунад. Ҳарифи Шоира Зулқайнарова дар даври дуюм Ҳадунг Ҷионг аз Корея мебошад. Ҳар ду муҳориба 15 май сурат мегирад.