Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПИРӮЗИИ ШОИРА ДАР ДАР ДАВРИ АВВАЛИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС

ПИРӮЗИИ ШОИРА ДАР ДАР ДАВРИ АВВАЛИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС ПИРӮЗИИ ШОИРА ДАР ДАР ДАВРИ АВВАЛИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС ПИРӮЗИИ ШОИРА ДАР ДАР ДАВРИ АВВАЛИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС

12.05.2022

: 392

Муштзани маъруфи кишвар Шоира Зулқайнарова 11-уми май дар аввалин муҳорибааш дар вазни 63кг пирӯз шуд. Ҳарифаш Ҷ. Ноура аз Кувейт буд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21 май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.

Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз ба ғайр аз Шоира, инчунин Сумайя Қосимова (48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50кг) ва Миҷгона Самадова (57кг) намояндагӣ мекунанд.

Ҳарифи Шоира Зулқайнарова дар даври дуюм Ҳадунг Ҷионг аз Корея мебошад. Муҳорибаи онҳо 15 май сурат мегирад.

Ду варзишгарамон - Сумайя Қосимова дар вазни 48кг дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғория), Миҷгона Самадова (57кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) мағлуб шуда, аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.

Руҳафзо Ҳақназарова бошад, дар вазни 50кг имрӯз – 12 май муқобили Айда Санталла аз Боливия ба ринг мебарояд.