Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НУҚРА ВА ДУ БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ҶОМИ ОСИЁ

НУҚРА ВА ДУ БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ҶОМИ ОСИЁ НУҚРА ВА ДУ БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ҶОМИ ОСИЁ НУҚРА ВА ДУ БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ҶОМИ ОСИЁ

09.04.2022

: 491

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон, ки 5-8 апрел дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, се медал – як нуқра, ду биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ҳудуди 500 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон иштирок карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 9 нафар миёни наврасон ва 19 нафар миёни ҷавонон ба Тошканд сафарбар гардида, дар мусобиқа миёни ҷавонон ба гирфитани се медал – як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ даст ёфтанд.

Медали нуқраро Иброҳим Элмуродов дар вазни +100кг ба даст овард. Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни -66кг ва Масъуд Аҳмадзод дар вазни -73кг сазовори медали биринҷӣ гаштанд.