Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПАРИЖ-2024: СИСТЕМАИ ИНТИХОБИИ БОКС

08.04.2022

: 473

Мусобиқа оид ба бокс бори аввал соли 1904 дар Олимпиадаи Сент Луис баргузор шуд. Ба барномаи Бозиҳои олимпии соли 1912 ворид нагардид, вале аз Олимпиадаи соли 1920 то имрӯз намуди олимпии варзиш аст.

Варзишгарони Тоҷикистон бори аввал соли 1996 дар Бозиҳои олимпии Атланта дар ин намуд ширкат карданд – Хуршед Ҳасанов. Сипас Бозиҳои олимпии солҳои 2000 ва 2004-ро гузашта, дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 се нафар – Шералӣ Достиев, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов иштирокчӣ буданд. Дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 бошад, шумораи иштирокчиён аз намуди бокс ба 4 нафар расид – Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов ва Собирҷон Назаров. Мавзуна Чориева дар аввалин ширкаташ ба гирифтани медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ даст ёфт. Дар Олимпиадаи Рио-2016 Анвар Юнусов ва дар Токио-2020 се нафар – Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров – бокси тоҷикро намояндагӣ карданд.

Мусобиқаи бокс миёни мардҳо аз соли 1904 ва бонувон аз соли 2012 сурат мегирад. Шумораи иштирокчиён ва категорияҳои вазнӣ миёни мардҳо ва бонувон борҳо иваз шудааст.

Соли 1904 дар аввалин мусобиқаи олимпии бокс ҳамагӣ 18 нафар ширкат карданд, ки ҳамагӣ аз ШМА буданд.

Соли 2024 (26 июл – 11 август) дар Париж – пойтахти Фаронса XXXIII Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла бокс ворид гардидааст.

Дар намуди бокс, ки аз рӯи 13 вазн (7 вазн миёни мардҳо ва 6 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, ҳамагӣ 248 варзишгар (124 мард, 124 зан) иштирок мекунанд. Аз ҳар кумитаи миллии олимпӣ дар як вазн як нафар имкони гирифтани роҳхат дорад. Иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Париж дар намуди бокс бояд дар давраи аз 1 январи соли 1984 то 31 декабри соли 2005 таваллуд шуда бошанд (19 то 40-сола).

Роҳхатҳо ҳам дар асоси радабандии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA), ҳам тариқи мусобиқаҳои интихобӣ тақсим мешаванд.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар соли 2023 46 нафар (20 нафар миёни бонувон ва 20 нафар миёни мардҳо) соҳиби роҳхати олимпӣ мегарданд. 78 роҳхат (42 миёни мардҳо, 36 миёни бонувон) – 6-гонаи аввали ҳар категория тариқи радабандии IBА аз 31 декабри соли 2023 тақсим мешавад. Ҳамчунин, тариқи радабандии IBА, ки 31 марти соли 2024 эълон мегардад, 98 нафар (42 мард, 56 зан) соҳиби роҳхат мешаванд. Ниҳоят 26 роҳхат ба иштирокчиёни финали мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ дар моҳи майи соли 2024 дода хоҳад шуд. Ба кишвари мизбон 7 квота (4 квота миёни мардҳо ва 3 квота миёни бонувон), тариқи комиссияи сеҷониба бошад, 9 квота (4 квота миёни мардҳо, 5 квота миёни бонувон) ҷудо мегардад.

Мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпии Париж-2024
Қувваозмоӣ – 13
Мардон – 7
Бонувон – 6

Шумораи иштирокчиён
Мардон – 124
Бонувон – 124
Ҳамагӣ – 248

Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхати мустақим – 232
Квота барои кишвари мизбон – 7 (4 миёни мардҳо, 3 миёни бонувон)
Квотаи универсалӣ - 9
Ҳамагӣ – 248

Муҳлати системаи интихобӣ
1 январи соли 2023 – 31 майи соли 2024

Мусобиқаҳои интихобӣ
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон, соли 2023
Мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс, майи соли 2024

Эълони радабандии IBА
31 декабри соли 2023
31 марти соли 2024