Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

18 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК МУҲОРИБАРО ДАР ЧО ОИД БА БОКС МИЁНИ ҶАВОНОН ВА НАВРАСОН ИДОМА МЕДИҲАНД

18 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК МУҲОРИБАРО ДАР ЧО ОИД БА БОКС МИЁНИ ҶАВОНОН ВА НАВРАСОН ИДОМА МЕДИҲАНД 18 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК МУҲОРИБАРО ДАР ЧО ОИД БА БОКС МИЁНИ ҶАВОНОН ВА НАВРАСОН ИДОМА МЕДИҲАНД 18 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК МУҲОРИБАРО ДАР ЧО ОИД БА БОКС МИЁНИ ҶАВОНОН ВА НАВРАСОН ИДОМА МЕДИҲАНД 18 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК МУҲОРИБАРО ДАР ЧО ОИД БА БОКС МИЁНИ ҶАВОНОН ВА НАВРАСОН ИДОМА МЕДИҲАНД

04.03.2022

: 623

Тавре хабар дода будем, 2 март дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон оғоз гардид, ки то 14 март идома меёбад.

Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба Урдун сафарбар гардиданд:

Ҷавонон:
48кг – Меъроҷ ЗОИДОВ
51кг – Асламҷон ҚУРБОНОВ
54кг – Бузургмеҳр ИКСАНОВ
57кг – Абубакр МУРОДОВ
60кг – Абдураҳим ЁҚУБОВ
63,5кг – Саддам ДАВЛАТОВ
67кг – Анӯшервон АҚНАЗАРОВ
71кг – Юсуф ФОЗИЛОВ
75кг – Нурланбек ЕРМАТОВ
86кг – Акмалҷон АБДУВАЛИЕВ
92кг – Парвиз АХМЕДОВ

Наврасон
46кг – Анушервон ФОЗИЛОВ
48кг – Меъроҷ СУФИҶОНОВ
50кг – Ҷаъфар ҲАКИМОВ
52кг – Дамир МУИБАЛИХОНОВ
54кг – Руслан ҒАФУРОВ
60кг – Рустамҷон АШУРОВ
66кг – Усмоншайх УСМОНОВ
75кг – Аъзам ФОЗИЛОВ
+80кг – Фирӯз РАҶАБОВ
57кг – Ҳангома ИСОЕВА

Ду рӯзи аввал муҳорибаҳои муқаддамотӣ баргузор шуда, миёни наврасон Анушервон Фозилов, Ҷаъфар Ҳакимов, Руслан Ғафуров, Рустамҷон Ашуров ва миёни ҷавонон Меъроҷ Зоидов, Асламҷон Қурбонов, Бузургмеҳр Иксанов, Абдураҳим Ёқубов бар ҳарифонашон ғалаба карда, ба чорякфинал роҳ ёфтанд.

Ҳамчунин, дар асоси қуръакашӣ миёни наврасон Усмоншайх Усмонов, Аъзам Фозилов, Фирӯз Раҷабов, миёни ҷавонон бошад, Саддам Давлатов, Нурланбек Эрматов ва Парвиз Ахмедов мусобиқаро аз даври чорякфинал оғоз мекунанд.

Се нафари дигар – Акмалҷон Абдувалиев, Юсуф Фозилов ва Ҳангома Исоева дар асоси қуръакашӣ муҳорибаро аз даври нимфинал шуруъ хоҳанд кард.

Миёни наврасон Меъроҷ Суфиҷонов, Дамир Муйбалихонов, миёни ҷавонон Абубакр Муродов, Анушервон Ақназаров аз ҳарифонашон шикаст хурда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардиданд.