Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КОМРОНШОҲ ДАР “GRAND PRIX PORTUGAL 2022” МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТ

КОМРОНШОҲ ДАР “GRAND PRIX PORTUGAL 2022” МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТ КОМРОНШОҲ ДАР “GRAND PRIX PORTUGAL 2022” МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТ

31.01.2022

: 639

Паҳлавони шинохтаи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар аввалин мусобиқаи ҷудои соли 2022 - “Grand Prix Portugal 2022” сазовори медали биринҷӣ шуд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ 28-30 январ дар шаҳри Алмадаи Португал доир гашт.

Комроншоҳ (-90кг) дар даври аввал озод буд. Ӯ сипас бар намояндаи Узбекистон Достон Мейлиев ва дар чорякфинал бар варзишгари Украина Артем Бубир пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Италия Кристиан Парлатӣ мағлуб гашт. Комроншоҳ сипас дар муҳориба барои ҷои сеюм намояндаи Гурҷистон Имеда Гоголадзеро шикаст дод.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар аввалин мусобиқаи сол 301 варзишгар (179 мард, 122 зан) аз 41 давлат ширкат карданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд – ҷои аввал – 3000 евро, ҷои дуюм – 2000 евро, ду ҷои сеюм – 1000-евроӣ.