Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҲАРИФОНИ “ХУҶАНД” ВА КМВА ДАР ҶОМИ КФО-2022 МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

17.01.2022

: 495

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар Куала Лумпур имрӯз, ҳамчунин қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 доир гашт, ки ҳарифони клубҳои Тоҷикистон – “Хуҷанд” ва КМВА маълум шуданд.

Мисли мавсими гузашта, имсол низ дар минтақаи Марказӣ ду гурӯҳ таъсис дода шуд – якеаш иборат аз 4 даста, дигараш аз 3 даста.

Барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон – тими “Хуҷанд” дар гурӯҳи “F” баромад мекунад. Ҳарифонаш клубҳои “Дордой” (Қирғизистон) ва “Копетдаг” (Туркманистон) ҳастанд.

Дастаи нави Ҷоми КФО – тими КМВА-и Душанбе бошад, дар гурӯҳи “Е” бозӣ мекунад. Барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати мамлакатро бозиҳо муқобили клубҳои “Насаф” ё “Согдиана” (Узбекистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Нефтчӣ” (Қирғизистон) интизор аст.

Дастаҳои беҳтарини гурӯҳҳо дар финали минтақавии Ҷоми КФО-2022 вомехуранд. Ғолиби ин дидор ба даври дигар роҳхат гирифта, 100 000 доллари ИМА ҷоизапулӣ дарёфт мекунад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар сурати ба Лигаи чемпионҳои КФО роҳхат гирифтани дастаи “Насаф”-и Қаршӣ, дар Ҷоми КФО-2022 барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Узбекистон “Согдиана”-и Ҷиззах ширкат мекунад. Агар “Насаф” натавонад ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО роҳ ёбад, пас иштирокшаро дар Ҷоми КФО идома медиҳад.

Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2022

Минтақаи Марказӣ
Гурӯҳи «Е»: «Насаф» ё «Согдиана» (Узбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон), КМВА (ТОҶИКИСТОН), «Нефтчи» (Қирғизистон).

Гурӯҳи «F»: «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдаг» (Туркманистон).