Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

IJF ҚОИДАҲОИ НАВРО БАРОИ ДАВРИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024 ТАСДИҚ КАРД

05.01.2022

: 542

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) маҷмӯи қоидаҳои навро эълон кард, ки ба ҳифзи варзишгарон ва “модернсозии” ин намуди варзиш дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 кӯмак хоҳад кард.

Пас аз он ки IJF аз федератсияҳои миллӣ тавсияҳо гирифт, ба қоидаҳои доварӣ як қатор тағйирот ворид карда шуд. Тағйироти баҳсноктарин ба амали “сеои наге” илова шуд, ки дигар он ҳаракати оддӣ нахоҳад буд ва иҷрои он ба ҷазои ҷудочӣ оварда мерасонад.

Дар ин амал, ки аз ҷониби Ҷой Мин Ҳо аз Кореяи Ҷанубӣ, чемпиони олимпӣ маъмул шудааст, дида мешавад, ки ҳариф рақибашро пеш аз гардиш гирифта, ба пушт мепартояд.

Дигар тағйироти қоидаҳо варзишгаронеро дар бар мегиранд, ки агар онҳо ҷудогӣ ё мӯйи худро зиёда аз як маврид танзим кунанд, шидо мегиранд.

Бо сар ҳамчун шиновар ҳуҷум кардан ҳамчун як амали хатарнок ҳисобида мешавад ва ҷудочӣ барои содир кардани ин амал аз ҳаққи ширкат дар мусобиқа маҳрум мешавад, ҳамчунин варзишгарон дар сурати ба қафо афтидан ду оринҷ ё дастонашонро ба замин монанд, ҷазо дода мешаванд.

Ба қоидаҳо оид ба қапидани ҳариф низ тағйирот ворид карда шуд.

Владимир Барта, сармутахассиси варзиши IJF гуфт, ки ҳадафи ин қоидаҳо ҳифзи варзишгарон мебошад.

"Мо аз федератсияҳои миллӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қоидаҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳо гирифтем. Қоидаҳои нав аз аввали соли 2022 эътибор пайдо мекунанд ва то соли 2024 амал мекунанд", - гуфт Барта.

Қоидаҳои нав дар Гран Прии Одивелас, ки қарор аст аз 28 то 30 январ дар Португалия баргузор гардад, ҷорӣ карда хоҳанд шуд.