Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДО: ШОДМОН РИЗОЕВ - ЧЕМПИОНИ ОСИЁ МИЁНИ ҶАВОНОН

06.12.2021

: 848

Варзишгарони ҷавони кишвар дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба ҷудо, ки 4-5 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон доир шуд, 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ – ба даст оварданд.

Дар чемпионат 127 варзишгар (82 мард, 45 зан) аз 17 давлати қора ширкат карданд.

Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 9 варзишгар миёни писарон намояндагӣ карданд: Хурсандқул Куганов (-66кг), Абубакр Шеров (-66кг), Муҳаммадиқбол Тошов (-73кг), Масъуд Аҳмадзод (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Раҳматулло Мирзоев (-90кг), Мансур Раҳмон (-100кг), Давлатҷон Назриев (+100кг) ва ба гирифтани 1 медали тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ мушарраф шуданд.

Медали тиллоро Шодмон Ризоев дар вазни -81кг сазовор гашт. Ӯ дар финал бар намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадҷон Абдуҷалилов пирӯз шуд.

Шодмон Ризоев соли 2019 дар Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни ҷавонон дар Тайпейи Чин дар вазни -66кг медали нуқра гирифта буд.

Абубакр Шеров (-66кг), Масъуди Аҳмадзод (-73) ва Давлатҷон Назриев (+100кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҳамин тариқ, тими ҷудои Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон сазовори 8 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 5 биринҷӣ гардид.

Миёни наврасон (2-3 декабр) Парвиз Абдураҳмонов (+90кг) сазовори медали нуқра, Суруш Эркаев (-60кг) ва Муҳамад Юсуфзода (-66кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.