24.11.2021
: 891
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни наврасони то 15-сола, ки аз 17 то 23 ноябр дар Душанбе баргузор шуд, сазовори медали нуқра шуд.
Дар даври сеюми чемпионати шогирдони Зайниддин Раҳимов бар ҳамсолонашон аз Узбекистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро Масрур Ғафуров дар дақиқаи 58 зад.
Дар бозии дигар тими наврасони Эрон бар тими Қирғизистон пирӯз шуд – 8:0.
Ҳамин тариқ, дастаҳои Эрон ва Тоҷикистон 7-холӣ ба даст оварданд, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо Эрон ҷои якум ва Тоҷикистон ҷои дуюмро сазовор шуданд. Ҷои сеюм насиби тими наврасони Узбекистон гардид.
Чемпионати CAFA-2021 миёни мунтахабҳои наврасон (U-15)
1-ум давр
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 5:0
Голҳо: Абубакр Сулаймонов, 5 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 11 (2:0). Амирхон Ҷалолов, 47 – аз пеналтӣ (3:0). Азиз Зарифӣ, 70 (4:0). Билол Бобоев, 78 (5:0).
Узбекистон – Эрон – 2:3
2-юм давр
Эрон – ТОҶИКИСТОН – 1:1
Голҳо: Алӣ Раҳмоннажод, 7 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 17 – аз пеналтӣ (1:1).
Қирғизистон – Узбекистон – 2:2
3-юм давр
ТОҶИКИСТОН – Узбекистон – 1:0
Гол: Масрур Ғафуров, 58.
Эрон – Қирғизистон – 8:0
Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
1 | Эрон | 3 | 2 | 1 | 0 | 12-3 | 7 |
2 | ТОҶИКИСТОН | 3 | 2 | 1 | 0 | 7-1 | 7 |
3 | Узбекистон | 3 | 0 | 1 | 2 | 4-6 | 1 |
4 | Қирғизистон | 3 | 0 | 1 | 2 | 2-15 | 1 |