Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ҲЕНДБОЛ ҶАМЪБАСТ ШУД

КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ҲЕНДБОЛ ҶАМЪБАСТ ШУД КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ҲЕНДБОЛ ҶАМЪБАСТ ШУД КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ҲЕНДБОЛ ҶАМЪБАСТ ШУД КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ҲЕНДБОЛ ҶАМЪБАСТ ШУД КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ҲЕНДБОЛ ҶАМЪБАСТ ШУД КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ҲЕНДБОЛ ҶАМЪБАСТ ШУД

01.11.2021

: 760

31 октябр дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни ҳендбол баргузор шуд.

Курси техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон 25 октябр оғоз гардида буд. Коршиноси Федератсияи байналмилалии ҳендбол Игор Шестаков аз Белорус муддати 7 рӯз ба 15 мураббии тоҷик нозукиҳои ҳендболро тариқи машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ омӯзонд.

Ҳамчунин, дар рӯзи охир котиби генералии КМО Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо дар мавзӯъҳои допинг, варзишгарон маърӯза хонд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки мураббиён барои пешгирии истифодаи мавод ва усулҳои мамнуъ дар варзиш саҳми бориз доранд. Зеро маҳз онҳо ба варзишгарон доир ба истифодаи витаминҳо ва доруворӣ тавсия медиҳанд.

Варзиши ҳендбол дар ҷумҳурӣ тайи се соли охир рушд карда истодааст ва курси техникӣ имкон дод, ки мураббиён дониши соҳавиашонро тақвият дода, дар омода кардани варзишгарони бомаҳорат камар банданд.

Ба иштирокчиёни курси техникӣ сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин сертификати Федератсияи байналмилалии ҳендбол тақдим гардид.