Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОКС: ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧҶ-2021 ШИРКАТ МЕКУНАНД

14.10.2021

: 660

Аз 24 октябр то 6 ноябри соли равон дар шаҳри Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон баргузор мешавад.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) дар чемпионат 650 варзишгар аз 105 давлати дунё ширкат мекунанд, ки бесобиқа аст.

Ҷумҳурии моро дар 11-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо 8 варзишгар намояндагӣ мекунанд:

1. Хисравхон РАҲИМОВ (57кг)
2. Абдураҳмон ЁҚУБОВ (60кг)
3. Баҳодур УСМОНОВ (63.5кг)
4. Саидикром АМОНОВ (67кг)
5. Абдумалик БОЛТАЕВ (75кг)
6. Шаббос НЕГМАТУЛЛОЕВ (80кг)
7. Парвиз КАРИМОВ (92кг)
8. Ҷаҳон ҚУРБОНОВ (+92кг)

Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамчунин довари дараҷаи олимпӣ аз Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов сабқатҳои ҷаҳониро ҳакамӣ менамояд.

Бори аввал дар таърихи бокси ҷаҳон чемпионат аз рӯи 13 вазн баргузор мешавад.

Инчунин ба ғолибон ва ҷоизадорон ҷоизапулии назаррас тақдим мегардад. Фонди ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс-2021 2,6 миллион доллар муқаррар шудааст. Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 100 000 доллар, ба барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар тақдим хоҳад шуд.

Ёдрас менамоем, ки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ 3 медали биринҷӣ ба даст овардаанд: Абдусалом Ҳасанов соли 2003 дар Бангкоки Тайланд дар вазни 57кг, Шералӣ Достиев соли 2005 дар Мйаняни Чин дар вазни 48кг ва Анвар Юнусов соли 2011 дар Бокуи Озарбойҷон дар вазни 56кг.