Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТБОЛ: ТОҶИКИСТОН БО ВЕТНАМ МУСОВӢ БОЗӢ КАРДАНД

12.10.2021

: 601

Дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 тими олимпии Тоҷикистон (U-23) дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бо дастаи олимпии Ветнам бозии рафиқона анҷом дод.

Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Голи тими Тоҷикистонро ҳамлагари клуби “Истиқлол” Рустам Соиров зад.

Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 22 то 31 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯи “В” бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои “Лубнон” (25 октябр), Непал (28 октябр) ва Эрон (31 октябр) ҳастанд.

Бозии рафиқона

Ветнам (U-23) – ТОҶИКИСТОН (U-23) – 1:1
Голҳо: Ле Хуан Ту, 82 (1:0). Рустам Соиров, 88 (1:1).

Ҳайати Тоҷикистон (U-23): Шоҳрух Қирғизбоев, Алиҷон Кароматуллозода, Ваҳдат Ханонов, Ҳусейн Нурматов (Шоҳрух Сангов, 63), Манучеҳр Сафаров (Наимҷон Иброҳимзода, 75), Кароматулло Саидов (Шуҳрат Элмуродов, 81), Шервонӣ Мабатшоев (Далер Ёдгоров, 63), Ислом Зоиров (Шарифбек Раҳматов, 75), Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Сорбон Авғонов, 63), Рустам Соиров.

Аз майдон ронда шуд: Алиҷон Кароматуллозода (Тоҷикистон), 90+3 – 2-юм корти зард.

11 октябр. Дубай. Варзишгоҳи «The Sevens».