Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТЗАЛ: “СОРО КОМПАНИЯ” ВА “СИПАР” ДАР ФИНАЛ

11.10.2021

: 498

Бозиҳои даври нимфинали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 баргузор шуданд, ки дар натиҷа иштирокчиёни даври финалӣ маълум гардиданд.

Сеюм сол пайиҳам дастаҳои “Соро компания”-и Душанбе ва “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд дар финал вомехуранд.

“Соро компания” дар ду бозии даври нимфинал бар дастаи “Пойтахт” пирӯз шуд - дар бозии аввал, ки 2 октябр доир гардид, бо ҳисоби 7:2 ва 9 октябр дар бозии дуюм бо ҳисоби 10:2.

“Сипар” низ дар ду бозӣ “Истиқлол”-ро шикаст дод – дар бозии аввал 2 октябр бо ҳисоби 5:3 ва дар бозии дуюм 10 октябр бо ҳисоби 2:0.

Ёдовар мешавем, ки соли сеюм аст, “Соро компания” ва “Сипар” барои ба даст овардани медалҳои тиллои Лигаи футзали Тоҷикистон бозӣ мекунанд. Финал аз силсилаи бозиҳо то се ғалабаи яке аз дастаҳо иборат аст.

Ду дастаи шаҳри Душанбе – “Истиқлол” ва “Пойтахт” барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд. Дастаҳо барои медалҳои биринҷӣ як бозӣ анҷом медиҳанд.