Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПРЕЗИДЕНТИ КМО ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД

16.02.2009

: 536

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Ҷаласаи интихобию ҳисоботии Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон 16-уми феврал дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи президенти КМО Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи КМО Тоҷикистон, ки 31-уми январ дар қароргоҳи ин кумита дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, пешбарӣ гардида буд.

Эмомалӣ Раҳмон ягона номзад ба ин вазифа буд.

Бар асоси Оинномаи КМО Тоҷикистон, президенти нави кумита барои чор сол (2009-2012) интихоб шудааст.