Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҲАНГЖОУ-2022 ҶАДВАЛИ ПЕШАКИИ МУСОБИҚОТИ БОЗИҲОИ ОСИЁРО НАШР КАРД

24.09.2021

: 569

Аввалин нашри ҷадвали мусобиқаҳои Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоу аз ҷониби ташкилкунандагон расман муаррифӣ карда шуд.

19-ум Бозиҳои Осиё, ки қарор аст аз 10 то 25 сентябри соли 2022 баргузор шавад, 40 намуди варзиш, 61 равияи варзиширо дар бар мегирад. Интизор меравад, дар давоми 15 рӯзи бозиҳо 482 маҷмӯи медалҳо супурда мешаванд.

19-ум Бозиҳои Осиё бояд чор рӯз пеш аз маросими ифтитоҳ – 6 сентябр бо мусобиқаи футболи мардона оғоз шавад. Аввалин медалҳо дар якчанд намуди варзиш, аз ҷумла дар шиноварӣ, панҷҳарбаи муосир, қайиқронӣ ва гимнастикаи бадеӣ, рӯзи 11 сентябр тақдим карда мегарданд. Мусобиқаҳои камонварӣ ва шиноварии синхронӣ дар рӯзи охирин - 25 сентябр баргузор хоҳанд шуд.

Варзиши сабук бо 48 мусобиқа аз намуди варзиши сермедал хоҳад буд, шиноварӣ аз 41 мусобиқа ва камонварӣ аз 33 мусобиқа иборатанд.

Созмондиҳандагон иддао мекунанд, ки нашри аввал бар асоси "шумораи тахминии довталабон" асос ёфтааст ва мегӯянд, ки ният доранд, нусхаи ниҳоиро пеш аз бозиҳо дар соли оянда нашр кунанд.

Дар охири соли равон дар Ҳангжоу мусобиқаҳои санҷишӣ оид ба варзиши сабук, баскетбол, заврақронӣ, шиноварӣ, велосипедронӣ дар роҳ, тирандозӣ, регбӣ, тенниси рӯи миз, ҷудо ва таеквондо ташкил карда мешаванд.

Ҳангжоу пас аз Пекин дар соли 1990 ва Гуанжоу дар соли 2010 сеюм шаҳри Чин хоҳад буд, ки мизбони Бозиҳои Осиё мешавад.