Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГУШТИН: МУСОБИҚА БАРОИ ҶОИЗАҲОИ ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ ДОИР ГАШТ

ГУШТИН: МУСОБИҚА БАРОИ ҶОИЗАҲОИ ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ ДОИР ГАШТ ГУШТИН: МУСОБИҚА БАРОИ ҶОИЗАҲОИ ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ ДОИР ГАШТ

20.09.2021

: 680

18-19 сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини тарзи озод миёни ҷавонон барои дарёфти ҷоизаҳои Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Юсуф Абдусаломов баргузор шуд.

Ба иттилои саркотиби мусобиқа Муҳаммад Шукуров дар мусобиқа, ки миёни ҷавонони соли таваллудашон 2001-2003 сурат гирифт, 80 варзишгар аз ҳамаи минтақаи ҷумҳурӣ ширкат намуданд.

Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштинҳо (UWW) дар 10 вазн миёни писарон доир гардида, ғолибону ҷоизадорон ба таври зайл муайян шуданд:

57кг
1. Ҳусейн МАЛИКОВ (Душанбе-2)
2. Муҳаммад МИРЗОКАРИМЗОДА (ШНТМ)
3. Сафаралӣ АБДУЛҲАҚОВ (Душанбе-2)
3. Умед КАЛОНОВ (Душанбе-2)

61кг
1. Қаюмҷон ҲАЛИМОВ (Душанбе-2)
2. Умед ВАЛИЕВ (Душанбе-2)
3. Маҳмадшариф ЗАЙНИДДИНОВ (Хатлон-1)
3. Ҳасан МАЛИКОВ (Душанбе-2)

65кг
1. Фотеҳҷон ОЛИМОВ (Суғд)
2. Меҳроб ШАРИПОВ (Душанбе-2)
3. Спартак БАҲРОМОВ (Душанбе-2)
3. Шоҳбахт РАҲМАТЗОДА (Суғд)

70кг
1. Магамед ТАЙҒУНОВ (Душанбе-2)
2. Шаҳром МАҚСУДОВ (Душанбе-2)
3. Фаридун СОҲИБОВ (Душанбе-2)
3. Шаҳбоз ФАЙЗЗОДА (Душанбе-2)

74кг
1. Муҳаммад НАЗАРОВ (Душанбе-1)
2. Акмал ТОИРОВ (Душанбе-2)
3. Ибод САЪДУЛЛОЕВ (Душанбе-2)
3. Улуғбек ҚОДИРОВ (Душанбе-2)

79кг
1. Пулодҷон БУРҲОНОВ (Суғд)
2. Абдубашир БОБОХОНОВ (Душанбе-2)
3. Саидҷон САМИЕВ (Хатлон-2)
3. Шоҳзод МУЗАФФАРЗОДА (Душанбе-2)

86кг
1. Раҳматҷон ИСМАТОВ (Душанбе-2)
2. Шаҳриёри РУСТАМ (Хатлон-2)
3. Саидҷон АБДУЛЛОЕВ (Душанбе-2)
3. Ҷаҳонгир ОҚИЛОВ (Душанбе-2)

92кг
1. Муҳаммад ГИЁЕВ (Хатлон-2)
2. Қосим ХУШБАХТЗОДА (Хатлон-1)
3. Эҳсон ВОҲИДОВ (Хатлон-1)
3. Қобилҷон ЗАЙНИЕВ (Суғд)

97кг
1. Маъруфҷон ҶӮРАЕВ (Душанбе-2)
2. Мақсудҷон ЮСУФЗОДА (Хатлон-1)
3. Афзалшоҳ НОРМАҲМАДОВ (Хатлон-1)
3. Раҳимҷон МИРЗОЕВ (Хатлон-2)

125кг
1. Комрон МАҲМАДАЛИЗОДА (Душанбе-2)
2. Шоҳрух ДАВЛАТЗОДА (Душанбе-1)
3. Бахтиёр ДАВЛАТХОНОВ (Хатлон-1)
3. Анушервон РОЗИҚОВ (Хатлон-2)

Юсуф Рашидович Абдусаломов 8 ноябри соли 1977 дар Доғистони Русия таваллуд шудааст. Факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Доғистонро хатм кардааст. Аз соли 2002 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд ва соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин сазовори медали нуқра гардид. Ӯ ҳамчунин медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон, медали нуқраи Бозиҳои Осиё ва медали тиллои Чемпионати Осиёро ба даст овардааст. Карйераи варзишиашро соли 2012 анҷом дод. Аз соли 2013 сармураббии дастаи мунтахаби Лаҳистон оид ба гӯштини тарзи озод мебошад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд – 3 духтар, 1 писар.

Юсуф Абдусаломов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2008 бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардидааст.