Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОКС: ШАШ МЕДАЛИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

БОКС: ШАШ МЕДАЛИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ БОКС: ШАШ МЕДАЛИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ БОКС: ШАШ МЕДАЛИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ БОКС: ШАШ МЕДАЛИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

31.08.2021

: 745

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон дар шаҳри Дубайи АМА шаш медал ба даст оварданд.

Муҳорибаҳои қисмати финалӣ миёни ҷавонон шоми 30-юми август баргузор шуд.

Шаш варзишгари тоҷик – Акбаралӣ Абдураҳмонзода (-51кг), Искандарбек Рустамов (-54кг), Абубакр Муродов (-57кг), Абдураҳим Ёқубов (-60кг), Сироҷиддин Ҳоҷибоев (-67кг) ва Дурандеш Зубайдов (-80кг), ки дар қисмати нимфинал аз ҳарифонашон шикаст хурда буданд, сазовори медалҳои биринҷӣ ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1500 доллари ИМА шуданд.

Шумораи иштирокчиён миёни ҷавонон 141 нафарро ташкил дод. Шумораи умумии иштирокчиёни Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон дар Дубай 293 нафар, аз ҷумла 84 духтарро аз 15 давлат ташкил медиҳад.

Аввалин маротиба аст, ки Чемпионати Осиё миёни наврасон ва ҷавонон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор шуд. Ҳамчунин, бори аввал дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим гардид. Ҳамин тариқ, миёни ҷавонон барандагони медали тилло 6000 доллари ИМА, медали нуқра 3000 доллар ва медали биринҷӣ 1500 доллари ИМА мукофотпулӣ гирифтанд.

Миёни ҷавонон дар 12 вазн варзишгарони Қазоқистон, дар 8 вазн намояндагони Узбекистон, дар 6 вазн варзишгарони Ҳиндустон ғолиб шуданд.

Ёдрас мешавем, ки дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ҷавонон, ки аз 20 то 30 август дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 21 нафар ширкат карда, сазвори 15 медал шуд. Варзишгарони мо миёни наврасон 9 медал (1 нуқра, 8 биринҷӣ), миёни ҷавонон шаш медали биринҷӣ ба даст оварданд.