Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТЗАЛ: “СИПАР” ВА “СОРО КОМПАНИЯ” БА ҲАРИФОНАШОН РАҲМ НАКАРДАНД

23.08.2021

: 707

21 август бозиҳои даври ҳафтуми лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 баргузор шуданд.

Чемпиони феълии кишвар, дастаи “Сипар”-и Хуҷанд, ба дарвозаи тими “Помир”-и Хоруғ 10 голи беҷавоб зад. Дар ҳайати дастаи Хуҷанд легионери гурҷистонӣ Нукри Чумбуридзе хет-трик анҷом дод.

Дастаи “Соро компания”-и Душанбе низ ба ҳарифаш тими “Самандар”-и Турсунзода раҳм накард ва 13 тӯб вориди дарвозааш намуд. Дар ҳайти тими Душанбе Фирӯз Сангов хет-трик кард.

Дар бозии дигар “Истиқлол” бар дастаи “Пойтахт” бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Бо шарофати ду голи Самандар Ризомов ва голи Муҳаммадҷони Асламхон “Истиқлол” соҳиби се хол шуд.

Пас аз натиҷагии 7 даври лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дастаи “Сипар”-и Хуҷанд бо 22 хол пешсаф аст. “Соро компания”, ки 19 хол дорад, дар ҷои дуюм қарор гирифтааст.

Дар даври навбатӣ, 28 август “Сипар” бо “Соро компания”, “Помир” бо “Истиқлол” ва “Пойтахт” бо “Самандар” вомехуранд.