Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: “ИСТИҚЛОЛ” БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

19.08.2021

: 587

Дар бозии мавқуфмондаи даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ “Истиқлол” бар тими “Файзканд” ғалаба карда (4:0), ба ҷои аввали ҷадвали мусобиқа баромад.

Бозии дастаҳо 18 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Алишер Ҷалилов дар охири нимаи аввал ҳисобро кушод, дар оғози нимаи дуюм голи дуюмашро зад. Ду тӯби дигарро Манучеҳр Сафаров вориди дарвозаи ҳариф намуд.

Ҳамин тариқ, пас аз ин вохӯрӣ дар ҷадвали чемпионат тағйирот ба амал омад. “Истиқлол” акнун бо 30 хол дар ҷои аввал қарор гирифт. “Хуҷанд” бо тафовути як хол (29) дар ҷои дуюм аст. “Истаравшан”, ки 25 хол дорад, сегонаи аввалро ҷамъбаст мекунад.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 20-21 август доир мешавад. 20 август КМВА бо “Хуҷанд”, “Хатлон” бо “Душанбе”, 21 август “Куктош” бо “Файзканд”, “Равшан” бо “Эсхата” ва “Истиқлол” бо “Истаравшан” вомехуранд.

ҶОЙ   ДАСТАҲО Б      Ғ      М     Б    +/-          Х      
1 ИСТИҚЛОЛ (ДУШАНБЕ) 13 9 3 1 +30 30
2 ХУҶАНД (ХУҶАНД) 14 9 2 3 +15 29
3 ИСТАРАВШАН (ИСТАРАВШАН)     15 7 4 4 +5 25
4 ЭСХАТА (ХУҶАНД) 15 7 2 6 -3 23
5 РАВШАН (КӮЛОБ) 14 4 6 4 0 18
6 ХАТЛОН (БОХТАР) 15 4 5 6 -7 17
7 ДУШАНБЕ (ДУШАНБЕ) 15 3 6 6 -11 15
8 КМВА (ДУШАНБЕ) 15 3 6 6 -5 15
9 КУКТОШ (РӮДАКӢ) 15 3 4 8 -12 13
10 ФАЙЗКАНД (ВОСЕЪ) 15 3 4 8 -12 13