Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТОҶИКИСТОНРО ДАР ПАРАЛИМПИАДА-2020 ЯК ВАРЗИШГАР НАМОЯНДАГӢ МЕКУНАД

18.08.2021

: 957

Аз 24 август то 5 сентябр дар шаҳри Токиои Ҷопон 16-ум Бозиҳои Паралимпиада баргузор мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ як варзишгар – Акмал Қодиров дар варзиши сабук, равияи гулулапартоӣ муаррифӣ мекунад. Ҳамроҳи Акмал мураббиаш Зокирҷон Комилов ва роҳбари ҳайат Сиёвуш Илёсов ба Токио сафар мекунанд.

Ба барномаи Бозиҳои паралимпии Токио-2020 22 намуди варзиш ворид гардидааст: камонварӣ, варзиши сабук, бадминтон, бочче, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, велосипедронӣ, аспсаворӣ, футбол, голбол, ҷудо, паверлифтинг, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, волейбол (нишаста), шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, триатлон, баскетбол бо ароба, шамшербозӣ бо ароба, регбӣ бо ароба, теннис бо ароба.

4400 варзишгар аз 136 кумитаи миллии паралимпӣ барои 540 маҷмӯи медалҳо сабқат мекунанд.