Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БОКС БА ДУБАЙ САФАР МЕКУНАД

18.08.2021

: 794

20-30 август дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс миёни ҷавонону наврасон шоми имрӯз ба Дубай сафар мекунанд. Тоҷикистонро дар ин чемпионат 21 варзишгар, аз ҷумла 2 духтар намояндагӣ мекунанд:

Наврасон:
-46кг – Анушервон Фозилов
-50кг – Руслан Ғафуров
-52кг – Бузургмеҳр Иксанов
-54кг – Ҷаъфар Раҳмонов
-57кг – Шаҳбоз Додоҷонов
-60кг – Анушервон Ақназаров
-63кг – Муҳаммад Ҷаборов
-70кг – Юсуф Фозилов
-75кг – Нурланбек Эрматов
+80кг - Акмалҷон Абдувалиев
-46кг – Фариза Ёқубова
-54кг – Бибиҷон Музаффарова

Ҷавонон:
-48кг – Меъроҷ Зоидов
-51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода
-54кг – Искандарбек Рустамов
-57кг – Абубакр Муродов
-60кг – Абдураҳим Ёқубов
-63,5кг – Довуд Маҳкамов
-67кг – Сироҷиддин Ҳоҷибоев
-71кг – Диёр Султонов
-80кг – Дурандеш Зубайдов

Варзишгаронро дар ин сафар сармураббӣ Носирҷон Азимов, мураббиён Муҳаммадҷон Сулаймонов, Саидхоҷа Маъмуров, Тоҳирҷон Оғлуқов ва директори иҷроияи Федератсияи бокси Тоҷикистон Комрон Файзов ҳамроҳӣ мекунанд.

Муҳорибаҳо аз рӯи 48 категорияи вазнӣ (писарону духтарон) сурат мегиранд.

Тибқи иттилои Ассотсиатсияи бокси Осиё, аввалин маротиба аст, ки чемпионат миёни наврасон ва ҷавонон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор мешавад. Дар он варзишгарони соли таваллудашон 2003-2004 миёни ҷавонон ва 2005-2006 миёни наврасон иштирок мекунанд.

Дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим мегардад. Варзишгароне, ки миёни ҷавонон медали тилло ба даст меоранд, ҳамчунин 6000 доллари ИМА ҷоизапулӣ хоҳанд гирифт. Барои медали нуқра 3000 доллар ва барои медали биринҷӣ 1500 доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Ҷоизадорон миёни наврасон бошанд, мутаносибан бо 4000 доллари ИМА, 2000 доллар ва 1000 доллар сарфароз мегарданд.