Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГУШТИНИГИРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЧҶ-2021 ШИРКАТ МЕКУНАНД

16.08.2021

: 749

Пас аз 729 рӯзи танаффус, бо сабаби пандемия дар саросари ҷаҳон, Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) чемпионати ҷаҳонии ҷавононро баргузор мекунад.

Беш аз 500 варзишгари 52 давлат аз 16 то 22 август дар шаҳри Уфаи Россия барои унвони чемпионӣ рақобат мекунанд. Чемпионат 16 август бо мусобиқаи гуштини озод оғоз гардид ва сипас то 22 август бо гуштини занон ва мусобиқаи юнониву римӣ идома меёбад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштин миёни ҷавонон дар ҳайати 9 нафар аз рӯи гуштини озод ва гуштини юнонӣ-римӣ ба Россия сафарбар гардид.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба гуштин ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2021 дар Уфаи Россия:

Гуштини озод:
61кг – Хайрулло Кулулов
65кг – Мустафо Ахмедов
70кг – Ҷаъфарбек Қурбонов
74кг – Саидасан Ашрафхонов
79кг – Абубакр Шукуров

Гуштини юнонӣ-римӣ
55кг – Асламҷон Азизов
60кг – Фирӯз Мирзораҷабов
67кг – Нозимҷон Собиров
72кг – Шероз Очилов