Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ИШТИРОКАШРО ДАР МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ЧҶ-2022 АНҶОМ ДОД

16.06.2021

: 755

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол иштирокашро дар мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 анҷом дод. Барои баромадан ба марҳилаи сеюми интихобии ЧҶ-2022 ва роҳхати мустақим ба Ҷоми Осиё-2023 ба тими миллии мо 4 гол нарасид.

Дар қораи Осиё марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2022 ба анҷом расид. Дар натиҷа 12 дастае, ки барои чор роҳхат ба ЧҶ-2022 муборизаро идома медиҳанд, муайян шуданд. Мунтахабҳои Сурия, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, АМА ва Кореяи Ҷанубӣ дар гурӯҳҳояшон ҷои аввалро сазовор шуда, ба даври дигар баромаданд. Инчунин 5 дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд: Уммон, Ироқ, Ветнам, Чин ва Лубнон.

Тими миллии Тоҷикистон ҳамон қадар хол дошт, ки Лубнон дорад, вале аз ҳисоби фарқияти тӯбҳо лубнониҳо ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа, тими мунтахаби Тоҷикистон миёни дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо 6-ум шуд.

Акнун тими миллии кишвар иштирокашро дар марҳилаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023, ки моҳи феврали соли 2022 шуруъ мешавад, идома медиҳад. Қаблан ҳиҷ вақт тими миллии Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё роҳхат нагирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби Тоҷикистон дар даври ҷамъбастии марҳилаи дуюми интихобии ЧҶ-2022 дар гурӯҳи “F” 15 июн ба дарвозаи Мянмар 4 голи беҷавоб зада, дар гурӯҳ ҷои дуюмро сазовор гардид. Голҳоро Комрон Турсунов, Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев ва Шаҳром Самиев ба номашон сабт карданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ Ҷопон тими Қирғизистонро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод.