Таҳти унвони “Тоҷикистон – зидди маводи мухаддир” 26 июн дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод оид ба таеквондо ВТФ миёни наврасон баргузор мешавад.
Бозиҳои даври аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 баргузор шуданд.
Тими футболи бонувони Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Ветнам, Малдив ва Афғонистон бозӣ хоҳад кард.
Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 фурӯши машруботро дар маконҳои Бозиҳо манъ кард.
Паёми шодбошии ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ба муносибати Рӯзи олимпӣ
Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии олимпӣ, ки ҳар сол 23 июн ҷашн гирифта мешавад, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мусобиқаҳои варзишӣ сурат гирифт.
Бори аввал дар таърихи ҷудои кишвар 4 паҳлавони тоҷик имкони иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо намуданд.
22 июн ба муносибати Рӯзи олимпӣ беш аз 80 нафар наврасон, ҷавонон ва намояндагони касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ” дидан карданд.
Ҳуҷҷатро президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва президенти АФҚ шайх Ҳамад ибни Халифа ибни Аҳмад Ал-Танӣ имзо карданд.
20-21 июн бо баргузор шудани бозиҳои даври даҳум марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз ёфт.
21 июн дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии олимпӣ семинари омӯзишии текбол оғоз гардид, ки то 23 июн идома меёбад.
13-17 июн дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба ҳендбол баргузор шуд.
Мусобиқа имсол дар сатҳи нав - Continental Tour Bronze Label - 19-20 июн бо иштироки беш аз 200 варзишгари 13 давлат дар Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд.
Мусобиқа дар идомаи Чемпионати Осиё оид ба таеквондо (16-18 июн) 19-21 июн бо иштироки варзишгарони 28 давлати ҷаҳон баргузор шуд.
Чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи байналмилалии олимпӣ, ки ҳар сол 23 июн ҷашн гирифта мешавад, 19 июн бо баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз гардид.
18 июн Раиси шаҳри Душанбе, узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама Ал-Шафар мулоқот карданд.
Чемпионати Осиё оид ба таеквондо 16-18 июн дар шаҳри Бейрути Лубнон бо иштироки 186 варзишгар аз 30 давлат баргузор шуд.
Бо пирӯзии мунтахаби Узбекистон чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни бонувони ҷавони то 20-сола анҷом ёфт.
Чемпионати ҷаҳон оид ба таеквондо-2021 дар Уси мавқуф гузошта шуд.
Варзишгарон барои вайрон кардани қоидаҳои COVID-19 дар Токио-2020 бо маҳрумият ва ҷаримаҳо рӯбарӯ мешаванд.