Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГУЛСУНБӢ ШАРИФОВА МЕЪЁРИ ОЛИМПИРО ИҶРО КАРД

16.05.2021

: 1375

Варзишгари тоҷик Гулсунбӣ Шарифова дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Узбекистон меъёрӣ муайянкардаи Варзиши сабуки ҷаҳониро дар масофаи 200 метр иҷро кард ва дар сурати тасдиқи он аз ҷониби Варзиши сабуки ҷаҳонӣ, роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст меорад.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Генадий Арзуманов 14-15 май дар базаи Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори 5 медал – 4 тилло, 1 биринҷӣ – шуданд.

Гулсунбӣ Шарифова ба ғайр аз он ки дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 22.72 сония медали тилло ва меъёри олимпиро (22.80) иҷро кард, дар масофаи 100 метр низ бо натиҷаи 11.41 сония сазовори ҷои аввал шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Фаворис Музрапов бошад, дар масофаи 100 метр миёни мардон ғолиб шуд. Ӯ ин масофаро бо натиҷаи 10.70 сония тай кард. Ӯ, ҳамчунин дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 22.07 сония медали биринҷӣ ба даст овард.

Медали дигари тиллоро дар ҳайати Тоҷикистон Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 52.96 сония сазовор шуд.

Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр бо натиҷаи 1:53.65 ҷои сеюмро ишғол кард.

Гулсунбӣ Шарифова аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдор буда, ба Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи имсол баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.