Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЯК МЕДАЛИ НУҚРА ВА ДУ МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧО-2021

ЯК МЕДАЛИ НУҚРА ВА ДУ МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧО-2021 ЯК МЕДАЛИ НУҚРА ВА ДУ МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧО-2021 ЯК МЕДАЛИ НУҚРА ВА ДУ МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧО-2021

09.04.2021

: 596

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар Чемпионати Осиё/Уқёнус, ки 6-9 апрел дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, се медал ба даст оварданд.

Медали нуқраро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг сазовор гардид. Сомон то расидан ба финал муқобили варзишгарони Яман (Аҳмад Аяш), Эрон (Муҳаммад Муҳаммадӣ) ва Қазоқистон (Жансай Смагулов) дастболо шуд. Дар финал аз Чангрим Ан аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гардид.

Медалҳои биринҷиро Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100кг ба даст оварданд.

Комроншоҳ дар даври аввал Сатлик Тураеви туркманистонӣ ва дар чорякфинал Ислом Бозбоеви қазоқистониро мағлуб кард, вале дар нимфинал нерусанҷиро бо Шоиширо Мукаӣ бохт. Ӯ сипас дар рақобат барои ба даст овардани медали биринҷӣ Ҳебилиҷ Буи чиниро шикаст дод.

Темур низ дар ду даври аввал бар намояндагони Ҳиндустон (Карам Бир Карам Бир) ва Қирғизистон (Юрий Краковетский) пирӯз, вале дар нимфинал аз варзишгари ҷопонӣ Ҳисаёшӣ Ҳарасава мағлуб шуд. Ӯ баъдан дар нерӯсанҷӣ барои ҷои сеюм бар Ерасил Кажибоеви қазоқистонӣ пирӯз гардид.

Дар чемпионат 195 варзишгар (112 мард, 83 зан) аз 29 кишвари қора ширкат намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки акнун медалҳои ҷудочиёни тоҷик дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар чемпионатҳои Осиё ба 20 адад расид (2 тилло, 8 нуқра, 10 биринҷӣ). Ду медали тилло ба Комроншоҳ Устопириён мансуб аст. Ӯ солҳои 2017 (Тошканд) ва 2018 (Ҳонг Конг) ба унвони чемпиони Осиё расида буд.