Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТБОЛ: НАТИҶАҲОИ ДАВРИ АВВАЛИ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН-2021

07.04.2021

: 611

4-6 апрел бозиҳои даври якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

4 апрел бо баргузор шудани ду бозӣ Чемпионати мамлакат миёни дастаҳои лигаи олӣ шуруъ гардид. “Файзканд”-и Восеъ дар бозии хонагӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шиҳри Ҳисор сурат гирифт, бар тими КМВА-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ғалабаоварро капитани “Файзканд” Маҳмадалӣ Содиқов дар дақиқаи 15-уми дидор зад ва ҳамчунин муаллифи голи якум дар чемпионати имсола гардид.

Дар бозии дигар “Хуҷанд” дар майдони худ дастаи “Душанбе”-ро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд. Голҳои тими ғолибро Максим Грек, Артём Сердюк, Парвиз Боқӣ-Охунов ва Дилшод Бозоров ба номашон сабт карданд.

5 апрел дастаи нави лигаи олӣ – “Эсхата”-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” дастаи “Хатлон”-и Бохтарро қабул кард. Бозии дастаҳо мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Ба голи задаи легионери узбекистонии тими мизбон Акобир Тураев бохтариҳо тавассути зарбаи дақиқи Жан Гатен ҷавоб доданд.

Бозии дигари даври якум 6 апрел миёни дастаҳои “Истаравшан” ва “Равшан”-и Кӯлоб доир гашт, ки бо пирӯзии истаравшаниҳо хотима ёфт – 1:0. Голи ягонаро Аббос Икромов дар дақиқаи 28-ум ба номаш сабт кард.