Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ БАЛХӢ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

25.03.2021

: 786

25 март, зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ майдончаи варзишии болопӯшидаро мавриди истифода қарор доданд.

Ин иншоот, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд ёфтааст, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бегмурод Холов сохта шуда, ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад.

Майдончаи варзишӣ дорои нишастгоҳҳо ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Майдонча дар заминаи нақшаи чорабиниҳо баҳри ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим бунёд гардида, дар самти пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуби онҳо мусоидат хоҳад кард.

Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд ва дар рушди ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар ҷумҳурӣ саҳм гузоранд.