Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ФАЙЗКАНД” – ҒОЛИБИ ҶОМИ ЛФТ-2021

19.03.2021

: 748

Дастаи футболи “Файзканд”-и Восеъ дар финали Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 бар тими “Равшан” пирӯз шуда, ғолиби мусобиқа гардид.

19 март дар шаҳри Гулистон мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар мусобиқа 11 даста иштирок карданд: «Истаравшан» (Истаравшан), КМВА, «Душанбе-83» (ҳар ду аз Душанбе), «Куктош» (Рӯдакӣ), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Файзканд» (Восеъ), «Эсхата» (Хуҷанд), ҳамчунин ҳайатҳои ҷавонони «Истиқлол», «Хуҷанд» ва тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17). Умуман дар доираи мусобиқа 20 бозӣ анҷом дода шуд.

Ҷойҳои ифтихории Ҷоми ЛФТ-2021-ро намояндагони вилояти Хатлон ишғол карданд. “Файзканд”-и Восеъ дар финал “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуда, ғолиб шуд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Хатлон”-и Бохтар бар тими мунтахаби наврасони кишвар бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид.

Ташкилотчиёни мусобиқа, ҳамчунин беҳтаринҳоро муайян намуд. Ҷоизаи беҳтарин дарвозабон насиби Куайе Годсон (“Хатлон”) гардид. Доробҷон Эргашев (“Файзканд”) беҳтарин ҳимоятгар дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгарро Хусрав Тоиров (тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон) ба даст овард. Беҳтарин ҳамлавар Наврӯз Рустамов (“Равшан”) ва беҳтарин футболбоз Маҳмадалӣ Содиқов (“Файзканд”) эътироф гардиданд.