Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

РОҲ БА СӮИ ТОКИО: СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ИТТИЛООТӢ ДОИР ШУД

РОҲ БА СӮИ ТОКИО: СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ИТТИЛООТӢ ДОИР ШУД РОҲ БА СӮИ ТОКИО: СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ИТТИЛООТӢ ДОИР ШУД РОҲ БА СӮИ ТОКИО: СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ИТТИЛООТӢ ДОИР ШУД РОҲ БА СӮИ ТОКИО: СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ИТТИЛООТӢ ДОИР ШУД РОҲ БА СӮИ ТОКИО: СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ИТТИЛООТӢ ДОИР ШУД

17.03.2021

: 794

16-17 март бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ семинар-машварати иттилоотӣ ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ доир шуд.

Дар семинар роҳбарони мактабҳои варзишии пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат намуданд.

Котиби генералии Кумита Муҳаммадшо Абдуллозода дар оғози семинар маълумот дод, ки мебоист соли 2020 Бозиҳои олимпӣ дар Токио баргузор мешуд, вале бо сабаби пандемияи COVID-19 бори аввал дар таърих Бозиҳои олимпӣ як сол ба таъхир гузошта шуд.

Ҳамакнун Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 доир мегардад.

“Бозиҳои Токио нисбат ба дигар Бозиҳои олимпӣ фарқияти зиёде хоҳад дошт. Зеро мусобиқаҳо зери чораҳои шадиди эпидемиологӣ сурат хоҳад гирифт. Дар ин робита Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмилалии паралимпӣ ва Кумитаи тадорукоти Токио-2020 барои варзишгарон, шахсони расмӣ, намояндагони федератсияҳои байналмилалӣ ва кормандони расонаҳои хабарӣ “Плей бук” ё дастурамали қоидаҳоро нашр кард”, - иброз намуд М. Абдуллозода.

Дар идома гуфта шуд, ки дар “Дастури қоидаҳо” барои варзишгарон ва намояндагони расмии ҳайатҳои олимпӣ, аз ҷумла таъкид шудааст, варзишгароне, ки натиҷаи ташхисашон ба короновирус мусбат баромад, дар мусобиқаҳо иштирок карда наметавонанд.

Касоне, ки бо нафароне, ки ташхисашон мусбат баромад, иртиботи наздик доштанд, ба мусобиқаҳо дар ҳоле роҳ дода мешаванд, агар натиҷаи ташхисашон манфӣ бошад.

Риояи накардани такрории қоидаҳо, новобаста ба он ки эмгузаронӣ шудааст ё не, мумкин аст боиси ихроҷ кардан аз бозиҳо гардад.

Варзишгароне ки пеш аз бозиҳо ба лагерҳои тамринӣ ҷалб мешаванд, такроран се рӯз қабл аз ворид шудан ба Деҳаи олимпӣ аз ташхис мегузаранд ва агар натиҷа мусбат бошад, он варзишгар ба Деҳаи олимпӣ роҳ дода намешавад.

Қоидаҳои дигаре, ки дар дастурҳо пешбинӣ шудааст, хонапурӣ кардани нақшаи фаъолияти 14-рӯза, ба таври ҳатмӣ пӯшидани ниқоб (ба ғайр аз ҳолатҳои тамрин, мусобиқа, вақти хӯрдани ғизо ва хоб), манъ кардани оғӯшгирӣ, дастафшонӣ, инчунин нарафтан ба минтақаҳои сайёҳӣ, мисли қаҳвахона ва тарабхонаҳо мебошад.

Ба варзишгарон гуфта мешавад, онҳо на дертар аз панҷ рӯз пеш аз баргузории мусобиқаҳояшон ба Деҳаи олимпӣ ҳозир шаванд ва ҳадди аксар пас аз ду рӯзи анҷоми мусобиқа онро тарк намоянд.

Варзишгарон ва намояндагони расмии ҳайатҳо, инчунин "бе иҷозат" аз истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда мешаванд, вале онҳо барои сафар ба ҷойҳои дур, агар имконоти дигаре дастрас набошад, метавонанд аз ҳавопаймо ва қатораҳо истифода баранд.

Ҳарорати бадани варзишгарон дар ҳама маконҳо санҷида мешавад, дар он ҷойҳое, ки риояи фосилаи иҷтимоӣ ғайриимкон аст, дигар чораҳои зиддиэпидемиявӣ амалӣ мегарданд.

Иштирокчиёни семинар-машварат, ҳамчунин Кодекси ҷаҳонии зидди допинг-2021, системаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпӣ, ташкили ҳайати олимпӣ, Ҳаракати олимпии ҷаҳон ва Тоҷикистон ва ғайраро муҳокимаву баррасӣ карданд.