Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КБО БРИСБЕНРО НОМЗАДИ БАРТАРИ МИЗБОНИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ 2032 ТАСДИҚ КАРД

25.02.2021

: 839

Брисбен, барои ба даст овардани ҳуқуқи мизбонии Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 қадами бузург гузошт, зеро Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) 24 феврал тасдиқ кард, ки номзадии минтақаи Австралия бартарӣ дорад.

КБО қарор аст музокироти истисноӣ ё "муколамаи ҳадафнок"-ро бо мақомоти Австралия доир ба баргузории Бозиҳо пас аз 11 сол, баъд аз қарори Шӯрои иҷроия дар бораи тасдиқи тавсияи Комиссияи мизбони бозиҳои тобистона, дар ҷараёни ҷаласаи фосилавӣ, оғоз кунад.

Раиси Комиссияи мизбони бозиҳои тобистона Кристин Клостер Осен гуфт, ки кор бо масъулини штати Квинсленд фавран оғоз мешавад ва натиҷаҳои муҳокимаҳо дар вақти муқарраршуда ба Шӯрои иҷроия пешниҳод мегарданд.

Клостер Осен пешниҳод кард, пеш аз он ки комиссия Брисбенро расман ҳамчун мизбони Олимпиада ва Паралимпиадаи соли 2032 тавсия диҳад, Квинсленд бояд ҳуҷҷатҳо ва кафолатҳои заруриро барои баргузории Бозиҳо пешниҳод намояд.

Интизор меравад, ки интихоби мизбони Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 дар Иҷлосияи КБО, ки пеш аз оғози Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор мешавад, сурат гирад.

Таҷрибаи баланди баргузории бозиҳои муҳташами варзишӣ, консепсияи пешрафтаи бозиҳо, ки пурра бо Рӯзномаи олимпии 2020 мувофиқат мекунад ва истифодаи аз 80 то 90 фоизи ҷойҳои мавҷуда ё муваққатиро дар назар дорад, аз бартариҳои Брисбен мебошад.

Австралия соли 2000 дар Сидней Бозиҳои олимпиро мизбонӣ карда буд ва гумон меравад бозиҳо пас аз 32 сол ба ин кишвар баргардад.

Барои мизбонии Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 кишварҳои Қатар, Ҳиндустон, Индонезия, Чин, Олмон ва Маҷористон низ дархост дода буданд.