Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ИСТИҚЛОЛ” – БАРАНДАИ ҶОМИ ФФТ-2021

“ИСТИҚЛОЛ” – БАРАНДАИ ҶОМИ ФФТ-2021 “ИСТИҚЛОЛ” – БАРАНДАИ ҶОМИ ФФТ-2021

20.02.2021

: 1005

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бори шашум ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гардид.

20 феврал бозии финалии Ҷоми ФФТ-2021 миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Истиқлол” баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар ин вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 90+4 Алексей Ларин зад.

Медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ-2021 бошад, насиби дастаи “Регар-ТадАЗ” шуд. Дастаи шаҳри Турсунзода дар бозӣ барои ҷои сеюм тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Ҳар ду голи тими ғолибро Диловаршоҳ Ғаниев зад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ФФТ маротибаи даҳум баргузор шуд. Дастаи “Истиқлол” қаблан солҳои 2014, 2015, 2017, 2018 ва 2019 ғолиби Ҷоми ФФТ шуда буд. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ду маротиба, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ якмаротибаӣ ҷомро ба даст овардаанд.

Ҳамаи бозиҳои финалии Ҷоми ФФТ (2012-2021):
2012. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013. «Хайр» (Ваҳдат) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Пеналтӣ – 6:5
2014. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1
2019. «Куктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5
2020. «Равшан» (Кӯлоб) – «Куктош» (Рӯдакӣ) – 1:2
2021. «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1