Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР: БОНУВОН ВОЛЕЙБОЛ БОЗӢ МЕКУНАНД

11.02.2021

: 681

10 феврал дар шаҳри Душанбе мусобиқаи волейбол барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" оғоз гардид.

Ба иттилои сомонаи расмии МИҲД шаҳри Душанбе, мусобиқа миёни бонувон ба ифтихори Рӯзи модар бори 5-ум аст, ки баргузор мешавад.

Дар мусобиқа дастаҳои волейболи бонувон аз вазорату идораҳо, инчунин шаҳру вилоятҳо ширкат мекунанд.

Дар расми ифтитоҳи мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки мусобиқа бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни бонувон, рушди намуди волейбол ба ифтихори Рӯзи модар ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ташкил гардидааст.