Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БЕШ АЗ 60% РОҲХАТҲО БА ТОКИО БА ДАСТ ОВАРДА ШУДААНД

02.02.2021

: 814

Шаш моҳ қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 варзишгарон ба майдонҳо бармегарданд. Дар чанд ҳафтаи охир аз рӯи 25 намуди варзиши олимпӣ мусобиқаҳо ташкил карда шуда, 10 федератсияи байналмилалӣ марҳилаи интихобиашонро аз сар гирифтанд.

Дар натиҷа:

61 дарсади роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпӣ аз ҷониби варзишгарон ба даст оварда шуданд;
25 дар сад дар муҳлати минбаъдаи интихобӣ, ки то 29 июн идома меёбад, тақсим карда мешавад;
14 дар сади охирин дар асоси радабандии баъзе федератсияҳои байналмилалӣ дар анҷоми марҳилаи интихобӣ эълон мегардад.

Пас аз ба таъхир гузоштани Бозиҳои олимпии Токио-2020 муқаррароти системаи интихобӣ бозбинӣ ва соли гузашта аз ҷониби гурӯҳи интихобии Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар доираи фаъолияти гурӯҳи мақсадноки “Мо меоем” тасдиқ шуд.

Панҷ намуди варзиш ва равияҳои варзишӣ аллакай марҳилаи интихобиро ҷамъбаст карданд: велосипедронӣ дар пайроҳа, велосипедронӣ трек, аспсаворӣ, чавгонбозӣ ва волейбол.

НАТИҶАҲОИ МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ХУЛОСА
11-14 январ дар шаҳри Доҳаи Қатар мусобиқаи байналмилалии ситораҳои ҷудо баргузор шуд, ки дар он 398 варзишгар аз 69 кишвари 5 қора ширкат намуданд.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз Тоҷикистонро се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов намояндагӣ карданд, ки дар натиҷа Темур Раҳимов дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол намуд.

17 январ бо дарназардошти риояи қатъии чораҳои тандурустӣ дар Триест (Италия) мусобиқаи интихобӣ оид ба тӯббозӣ дар об миёни бонувон доир шуд, ки дастаҳои Венгрия ва Нидерланд роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст оварданд.

Мусобиқаҳои интихобии олимпӣ мисли пеш бо дарназардошти тавсияҳои мақомоти тандурустӣ ва санадҳои меъёрӣ, ҳамчунин таъмини ҳимояи саломатӣ ва бехатарии ҳамаи иштирокчиён гузаронида мешаванд.

Дар баробари мусобиқаҳои интихобии олимпӣ, феълан аз рӯи 25 намуди варзиши олимпӣ мусобиқаҳои байналмилалӣ баргузор мешаванд ё дар муддати чанд ҳафати оянда ба нақша гирифта шудаанд.

НАМУДҲОИ ЗИМИСТОНАИ ВАРЗИШ
Мусобиқаҳо на танҳо аз рӯи равияҳои намудҳои тобистонаи варзиш барқарор шудаанд. Дар робита ба он ки 4 феврал маросими “Як сол то Пекин-2022” ҷашн гирифта мешавад, мусобиқаҳо оид ба намудҳои зимистонаи варзиш низ аз сар гирифта шудаанд. Мусобиқаҳои интихобии олимпӣ аз рӯи 11 равияи варзиш аз 15 равияи олимпӣ барқарор шуданд ва то имрӯз 17% роҳхатҳо ба варзишгарон тақсим шудааст.

Ёдрас менамоем, ки феълан ду варзишгари мо – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев аз намуди бокс роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овардаанд. Ин ҳар ду варзишгар аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва ба Бозиҳои олимпӣ омодагӣ мебинанд.