Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТОҶИКИСТОН – МИЗБОНИ МУСОБИҚОТИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2022

27.01.2021

: 747

Имсол дар Тоҷикистон мусобиқаҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол миёни духтарони то 17-сола ва то 20-сола баргузор хоҳанд шуд.

Агар пандемияи COVID-19 халал нарасонад, марҳилаи аввали Ҷоми Осиё-2022 миёни духтарони то 17-сола аз 18 то 26 сентябр, марҳилаи аввали интихобӣ миёни бонувони то 20-сола бошад, 14-22 август доир мешаванд.

Конфедератсияи футболи Осиё қаблан Тоҷикистонро макони баргузории яке аз гурӯҳҳои мусобиқаҳои интихобӣ миёни духтарони то 17-сола ва то 20-сола интихоб карда буд.

Инчунин, аз 14 то 25 сентябр мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни мунтахабҳои бонувон ба нақша гирифта шудааст, ки дар он тими футболи бонувони Тоҷикистон низ ширкат мекунад.

Ба ғайр аз ин, соли равон Конфедератсияи футболи Осиё дар нақша гирифтааст, ки бори аввал ба таври озмоишӣ Чемпионати Осиё миёни клубҳои бонувонро доир намояд. Мусобиқа 1-6 ноябр дар назар аст. Кадом дастаҳо дар ин мусобиқа иштирок мекунанд, феълан муайян нест.