Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ

26.01.2021

: 2086

26 январ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид.

Кормандони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дастҷамъона Паёми Пешвои миллатро тамошо карданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём зикр шуданд, кормандони Кумита нақшаи фаъолияташонро танзим карда, тибқи он амал хоҳанд кард.

Дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла қайд гардид, ки “Агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 1000 иншооти варзишӣ амал мекард, соли 2020 ин шумора ба 10220 расид. Танҳо соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 147 иншооти варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҷиҳати дастгирии варзишгарон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт, ки то имрӯз 169 нафар аз ин ҷоиза бархурдор шуданд. Маблағи умумии ҷоиза дар 5 сол 3942500 сомониро ташкил медиҳад”.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон давоми соли 2020 дар доираи барномаҳои гуногун ҷиҳати такмили ихтисоси кормандони соҳаи варзиш беш аз 100 курси омӯзишӣ баргузор намуда, Барномаи рушди сохтори Федератсияи камонвариро татбиқ кард.

Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои байналмилалии гуштин, баскетбол ва волейбол ба федератсияҳои миллии ин намудҳои варзиш кӯмаки техникӣ расонида шуд.