Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВАРЗИШ – МУСОИДАТКУНАНДАИ РУШДИ УСТУВОР

25.01.2021

: 772

Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар варзишро ҳамчун мусоидаткунандаи рушди устувор ва иқтидори онро барои саҳм гузоштан дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор эътироф кардааст.

Дар ин бора паёми президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ба кумитаҳои миллии олимпӣ ва федератсияҳои байналмилалӣ ирсол гардид.

Томас Бах дар паёмаш, аз ҷумла гуфтааст: “чун соли фавқулоддаи олимпиро оғоз мекунем, бори дигар аз фурсат истифода бурда, ба Шумо ва варзишгаронатон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-и дарпешистода хушбахтӣ ва муваффақият хоҳонам. Ҳамзамон, мехостам дар бораи як дастоварди охирин ба шумо иттилоъ диҳам, ки метавонад ҳамчун як истиноди муҳим ба Ҳаракати олимпӣ дар моҳҳои оянда хизмат кунад”.

Дар паёми Томас Бах таъкид шудааст, ки қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бисёр паҳлуҳои саҳми умумии моро дар рушди иҷтимоӣ тавассути варзиш фаро мегирад, аз ҷумла:

- Эътирофи Хартияи олимпӣ.
- Тасдиқи саҳми бебаҳои Ҳаракати олимпӣ ва паралимпӣ дар рушди варзиш ҳамчун воситаи беназири мусоидат ба сулҳ ва рушд.
- Дастгирии мустақилият ва мухторияти варзиш, ки вазифаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳамчун роҳбари Ҳаракати олимпӣ ва Кумитаи байналмилалии паралимпӣ ҳамчун роҳбари Ҳаракати паралимпӣ мебошад.
- Он давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро даъват менамояд, ки варзиш ва тарбияи ҷисмониро ба нақшаҳои барқарорсозии худ пас аз пандемияи КОВИД-19 ва ба стратегияҳои миллии рушди устувори худ ворид кунанд, бо назардошти он ки варзиш ҳамчун омили саломатӣ ва некӯаҳволии афрод ва ҷомеа мусоидат мекунад.
- Бо як қадрдонии хоса ҳама Бозиҳои дарпешистодаи олимпӣ ва паралимпӣ, алахусус онҳое, ки дар Токио дар соли 2021, Пекин дар соли 2022, дар Париж дар соли 2024, дар Милано ва Кортинаи Италия дар соли 2026 ва дар Лос-Анҷелеси ШМА дар 2028, инчунин Бозиҳои олимпии наврасон, ки соли 2026 дар Дакар баргузор мешаванд, истиқбол мекунанд.

“Ин ташаббуси муҳим, бидуни дастгирии гурӯҳи дӯстони варзиши СММ, Монако ва Давлати Қатар, ки раванди гуфтушунидро дастгирӣ мекарданд, инчунин ҷонибдории ҳукуматҳои дигар, аз ҷумла мизбонони ояндаи Бозиҳои олимпӣ, ғайриимкон буд, - омадааст дар паём. - Вақте ки шумо имсол бо мақомоти миллии худ дар ин масъалаҳо ҳамкорӣ мекунед, даъват мекунам, ки ин матни муҳимро дар муҳокимаҳоятон истифода баред”.