Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТОКИО-2020 ШУМОРАИ ВАРЗИШГАРОНРО ДАР МАРОСИМҲО БОЗБИНӢ МЕКУНАД

18.01.2021

: 1232

Токио-2020 эълон кард, шумораи варзишгаронро, ки дар маросимҳои кушодашавӣ ва пӯшидашавӣ ширкат мекунанд ва аз 11000 иштирокчии бозиҳо 6000 пешниҳод шудааст, бозбинӣ мекунад.

Ташкилкунандагони бозиҳо борҳо иброз намуданд, ки маросимҳои бозиҳо, ки бо сабаби пандемияи COVID-19 ба имсол гузаронида шуданд, содда хоҳад буд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ интизор дорад, ки дар маросими ифтитоҳи бозиҳо 6000 варзишгар иштирок хоҳанд кард. Умуман, дар бозиҳо иштироки ҳудуди 11000 варзишгар дар назар аст.

“Барои таъмини бехатарии варзишгарон мо чунин мешуморем, ки шумораи иштирокчиён дар маросимҳои кушодашавӣ ва пӯшидашавӣ бозбинӣ, ҳамчунин шароити ворид шуданашон ба варзишгоҳ тартиб дода шавад”, - гуфтаанд ташкилкунандагони Токио-2020.

Онҳо моҳи гузашта тасдиқ карда буданд, ки шумораи шахсони расмӣ, ки дар маросимҳои ифтитоҳ ва пӯшидашавии бозиҳо ширкат мекунанд, дар доираи 6 нафар иҷозат дода хоҳанд шуд.

Тибқи тартиботе, ки пешниҳод шудааст, варзишгарон бояд панҷ рӯз пеш аз мусобиқа ба Деҳаи олимпӣ ворид шуда, ҳадди аксар 2 рӯз пас аз мусобиқа онро тарк кунанд. Барои кишварҳое, ки вақти сафарашон ба Ҷопон ва тағйирёбии вақт кам аст, рӯзҳои истоданашон дар Деҳаи олимпӣ бояд кам бошад.

Имкон бошад, варзишгарон бояд ба тағйироти фосилаи вақт дар лагерҳои тамринии пеш аз бозиҳо дар Ҷопон одат кунанд, на дар Деҳаи олимпӣ.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 бояд 23 июл оғоз гардида, 8-уми август ба анҷом расад.