Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БО ТИМИ УРДУН ДУ БОЗИИ ДӮСТОНА АНҶОМ МЕДИҲАД

15.01.2021

: 917

Дар доираи омодагӣ ба бозии интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 муқобили тими мунтахаби Муғулистон тими миллии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Урдун бозиҳои рафиқона доир мекунад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Урдун ҷиҳати баргузор кардани ду бозии дӯстона миёни мунтахабҳои миллии ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Бозиҳо 1-ум ва 5-уми феврали соли равон дар Дубай доир мегарданд. Омодагии дастаи мунтахаби кишвар ба ин бозиҳо бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев охири моҳи январ шуруъ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 25-уми март тими миллии Тоҷикистон дар доираи даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” бо дастаи мунтахаби Муғулистон бозӣ мекунад. Дидори дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Бозиҳои рафиқона

1 феврал (душанбе)
Урдун – ТОҶИКИСТОН
Дубай, АМА

5 феврал (ҷумъа)
Урдун – ТОҶИКИСТОН
Дубай, АМА