Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАВРАҲОИ МУСОБИҚОТИ ЛИГАИ ФУТБОЛ ДАР МАВСИМИ НАВ ЭЪЛОН ШУД

07.01.2021

: 807

6 январ дар ҷаласаи Кумитаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) давраҳои мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон дар мавсими 2021 муайян шуд.

Ба иттилои сомонаи ФФТ, бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон-2021 миёни чемпиони мамлакат – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон – дастаи “Равшан”-и Кӯлоб 1-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ба нақша гирифта шуд.

Мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 бо иштироки 10 дастаи лигаи олӣ ба ифтихори 30-солгаии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 9-22 март дар шаҳри Гулистон доир хоҳад шуд.

Кумитаи баргузории мусобиқоти ФФТ, ҳамчунин формати 30-юм Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олиро муайян намуд. Бо пешниҳоди кумитаи мазкур, чемпионати ҷашнӣ бо иштироки 10 даста дар се марҳила баргузор мешавад. Санаи тахминии оғози чемпионат 3-юми апрел эълон гардид.

Дар 30-юм Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 10 даста ширкат мекунанд - «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), Клуби марказии варзишии артиш - КМВА (Душанбе), «Куктош» (Рӯдакӣ), «Хатлон» (Бохтар), «Душанбе-83» (Душанбе), «Файзканд» (Восеъ), «Истаравшан» (Истаравшан), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Эсхата» (Хуҷанд).

Дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки номгузории мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон тағйир дода шавад. Лигаи олӣ ва лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими нав номгузории нав хоҳанд дошт, ки баъдтар эълон мешавад.

Пешниҳод гардид, ки бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир карда шавад. Охирин маротиба финали Ҷоми Тоҷикистон соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд.

Тибқи қарори Кумитаи баргузории мусобиқоти ФФТ марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат хоҳад буд, аз даври 1/8-финал сар карда, дастаҳо ду бозӣ доир мекунанд – дар хона ва дар сафар. Тибқи нақшаи Лигаи футболи Тоҷикистон Ҷоми Тоҷикистон 6-уми май оғоз мегардад.

Дар ҷаласаи Кумитаи баргузории мусобиқоти ФФТ, ҳамчунин формати баргузории мусобиқа миёни дастаҳои лигаи якум тасдиқ гардид. Лигаи якуми Тоҷикистон дар соли 2021 дар ду марҳила сурат мегирад. Шумораи дақиқи дастаҳои иштирокчӣ пас аз гузаронидани ҷараёни литсензионӣ муайян мешавад. Мусобиқоти Лигаи якум тақрибан 22-юми апрел дар назар гирифта шуд.

Ду дастаи беҳтарини лигаи якуми Тоҷикистон-2021 соли оянда дар лигаи олӣ бозӣ хоҳанд кард.

Ба таъкиди сомонаи расмии ФФТ, ҳамаи қарорҳои Кумитаи баргузории мусобиқоти ФФТ бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ баррасӣ ва тасдиқ карда шаванд.