Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Илҳомҷон Баротов – беҳтарин футболбоз дар соли 2020

29.12.2020

: 746

Капитани дастаи “Истаравшан” ва нимҳимоятгари мунтахаби миллии кишвар Илҳомҷон Баротов беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2020 эълон шуд.

Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи Тоҷикистон 28 декабр баргузор шуд. Дар асоси натиҷагирии мавсими футбол дар соли 2020 беҳтаринҳо дар лигаи наврасон, лигаи бонувон, чемпионат оид ба футзал, чемпионати оид ба футбол миёни собиқадорон, ҷавонон, лигаи якум, лигаи олӣ ва дигар номинаҳо эълон гардиданд.
Дар номинаи беҳтарин футболбози сол собиқ нимҳимоятгари “Истиқлол” Эҳсони Панҷшанбе, собиқ бозингари “Хуҷанд” Фатҳулло Фатҳуллоев ва капитани “Истаравшан” Илҳом Баротов муддаӣ буданд. Дар натиҷа футболбози 30-сола Илҳомҷон Баротов беҳтарин футболбози соли 2020 эълон гардид. Ӯ ҳамчунин беҳтарин ҳамлагари мавсими гузашта дониста шуд.
Рустам Ятимов (“Истиқлол”) беҳтарин дарвозабони Чемпионати Тоҷикистон-2020, Фирдавс Чақалов (“Хуҷанд”) беҳтарин ҳимоятгар, Алишер Ҷалилов (“Истиқлол”) беҳтарин нимҳимоятгар, Виталий Левченко (“Истиқлол”) беҳтарин мураббӣ, Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) беҳтарин довари сол дониста шуданд. Ҷоизаи беҳтарин легионерро, ки дар Чемпионати Тоҷикистон баромад карданд, Алексей Ларини украинӣ (“Истиқлол”) ба даст овард.

Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар масими 2020:

Лигаи наврасон «Пешсаф» (U-15)
Беҳтарин бозингар – Ҳайдаршо Худойдодов («Суғд»)
Беҳтарин нишонзан – Диловар Азизов («Равшан»)
Беҳтарин мураббӣ – Фаридун Рустамов («Равшан»)

Лигаи наврасон «Пешсаф» (U-17)
Беҳтарин бозингар – Абубакр Сулаймонов (МҶМОВ-2)
Беҳтарин нишонзан – Далер Махатов («Ҷавонӣ», Ҷаббор Расулов)
Беҳтарин мураббӣ – Сафаралӣ Раҳмонов (МҶМОВ-2)

Лигаи ҷавонон (U-18)
Беҳтарин бозингар – Кароматулло Боронов («Орзу-2026»)
Беҳтарин нишонзан – Абдулло Шарипов (МҶМОВ)
Беҳтарин мураббӣ – Рустам Қурбонов («Орзу-2026»)

Лигаи бонувон
Беҳтарин дарвозабон – Сайёра Саидова («Зебонисо»)
Беҳтарин нишонзан – Лайло Ҳалимова («Хатлон»)
Беҳтарин бозингар – Рафина Нормуратова («Бешкент»)
Беҳтарин мураббӣ – Зебо Гасимова («Зебонисо»)

Лигаи касбии футзал
Беҳтарин дарвозабон – Фирӯз Бекмуродов («Сипар»)
Беҳтарин ҳимоятгар – Дилшод Саломов («Сипар»)
Беҳтарин бозингари канорӣ – Самандар Ризомов («Муҳоҷир»)
Беҳтарин бозингари универсалӣ – Вахтанг Кекелия («Соро компания»)
Беҳтарин бозингари марказ – Некрӯз Алимаҳмадов («Соро компания»)
Беҳтарин бозингар – Дилшод Саломов («Сипар»)
Беҳтарин мураббӣ – Евгений Осинсев («Сипар»)

Собиқадорон
Беҳтарин бозингар – Насим Давлатов («Равшан»)
Беҳтарин нишонзан – Шуҷоат Неъматов («Ромис-Испечак»)
Беҳтарин мураббӣ – Ориф Маҳмудов («Ҳосилот»)

Лигаи якум
Беҳтарин бозингар – Аваз Қамчинов («Ҳулбук»)
Беҳтарин мураббӣ – Ғайраталӣ Мираҳмадов («Равшан»)

Ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ
Беҳтарин бозингар – Парвиз Алиев («Хуҷанд»)
Беҳтарин мураббӣ – Аҳлиддин Турдиев («Локомотив-Помир»)

Лигаи олӣ
Беҳтарин дарвозабон – Рустам Ятимов («Истиқлол»)
Беҳтарин ҳимоятгар – Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»)
Беҳтарин нимҳимоятгар – Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)
Беҳтарин ҳамлавар – Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)
Беҳтарин легионер – Алексей Ларин («Истиқлол»)
Беҳтарин мураббӣ – Виталий Левченко («Истиқлол»)
Беҳтарин довар – Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)
Беҳтарин бозингар – Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)