Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тимҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон дар дуюм дидори рафиқона мусовӣ бозӣ карданд

28.12.2020

: 812

Дар дуюм бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон, ки 27 декабр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гашт, ғолиб муайян нашуд.

Бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Голро дар ҳайати тими Тоҷикистон Ислом Зоиров зад.
Ёдрас мешавем, ки дар бозии аввали рафиқона, ки 24 декабр баргузор шуда буд, тими ҷавонони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда буданд.

Бозии рафиқона

ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19) – 1:1

Голҳо: Паймон Додхоҳ, 30 (0:1). Ислом Зоиров, 35 (1:1).

Тоҷикистон (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Алиҷон Кароматуллозода (Исроил Холов, 46), Муҳаммадалӣ Азизбоев, Муҳаммад Саломзода, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров, Шарифбек Раҳматов (Шуҳрат Элмуродов, 46), Ҷонибек Шарипов (Озодбек Панҷиев, 66), Эмомалӣ Аҳмадхон (Шоҳрух Сангов, 46, Салам Ашурмамадов, 88), Ислом Зоиров, Шаҳром Самиев.

Эрон (U-19): Ҳамидризо Ризоӣ, Муртазо Эстакӣ, Аҳмадризо Ҷалолӣ, Ҳусейн Нахудкор, Ёсин Салмонӣ, Алӣ Субҳонӣ (Маҳдӣ Ҳошиминажод, 70), Алиризо Асадободӣ, Алиризо Муназамӣ (Амиралӣ Содиқӣ, 82), Паймон Додхоҳ, Алӣ пур Исмоилӣ, Милод Кор (Ҳусейн Шовардӣ, 90).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Тоҷикистон).

Комиссари бозӣ: Беҳрӯзи Айниддинзода (Тоҷикистон).

27 декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.