Мунтахабҳои наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19)-и Тоҷикистон дар Душанбе бо ҳамсолонашон аз Эрон бозиҳои рафиқона доир мекунанд.
Пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа 21-ум Бозиҳои Осиёро соли 2030 қабул мекунад.
Конференсияи ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Hyatt Regenсy” сурат гирифт.
Зимни суҳбат бо Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ҳамкориҳои минбаъда, аз ҷумла иштироки фаъолонаи ҳайати олимпии Тоҷикистон дар бозиҳои осиёӣ, мушкилиҳои пешомада дар робита ба пандемияи Covid-19 ва бартараф кардани онҳо баррасӣ шуд.
Дар чемпионат 60 варзишгар дар ҳайати 5 дастаи мактабҳои шиноварӣ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ширкат карданд.
Умар Кремлеви русиягӣ дар иҷлосияи ғайринавбатии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA), ки ба таври онлайн баргузор шуд, пас аз чор даври овоздиҳӣ президенти ин созмон интихоб шуд.
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия фаъолияти Кумита ва фаъолияти молиявӣ дар соли 2020, инчунин Нақшаи кори Кумита барои соли 2021 ва Оинномаи Кумита дар таҳрири нав баррасӣ ва барои тасдиқ ба Ассамблеяи генералӣ пешниҳод шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳамкории байни кумитаҳои олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
9 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо вазири варзиш, Президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот карданд.
5 декабр, дар формати онлайн, конгресси сеюми Ассотсиатсияи триатлони Осиёи Марказӣ (Central Asian Triathlon Association - САТА) баргузор шуд.
Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтон баргузор шуд.
Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон, ҳамчунин тими мунтахаби кишварро эълон кард, ки аз 16 нафар иборат аст.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Дар асоси муқаррароти Кодекси ҷаҳонии зидди допинг, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз соли 2021, ҳамчунин вазифаҳои ташкилоти миллии зидди допингро иҷро мекунад.
13-15 ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо баргузор шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бозии рафиқонаро бо дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:3 бохт.
Дар чемпионат 80 варзишгар дар ҳайати 9 дастаи мардон ва 9 дастаи занон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар иштирок ва барои 16 маҷмуи медалҳо талош карданд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Баробарии гендерӣ ва гуногуниҳои биологӣ”-и Ҳамбастагии олимпӣ 3-10 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ семинарҳои дурӯзаи “Таълимоти базавии гендерӣ барои варзишгарони пешсаф” доир кард.
Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Устуворӣ дар варзиш”-и Ҳамбастагии олимпӣ 3-4 ноябр дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат семинари омӯзишӣ ва 4-5 ноябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ оид ба шоҳмот, баскебол ва волейбол баргузор шуданд.
7 ноябр дар шаҳри Дубайи АМА бозии рафиқонаи тимҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Баҳрайн баргузор шуд.