Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Беҳтаринҳои ҷудои Тоҷикистон дар соли 2020

16.11.2020

: 893

13-15 ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои мамлакат, дар чемпионати имсола ҳудуди 200 варзишгар дар ҳайати 7 даста – Душанбе, Душанбе-1, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, Бадахшон, Рашт ва ШНТМ ширкат карда, тибқи муқаррароти Федератсияи байналмилалии ҷудо дар ҳафт категорияи вазнӣ миёни мардон ва бори аввал дар таърихи ҷудои кишвар дар 2 категорияи вазнӣ миёни бонувон нерӯ санҷиданд. Ҳамчунин, бори аввал дар Чемпионати Тоҷикистон қувваозмоиҳои даставӣ баргузор шуд.
Бештари медалҳоро варзишгарони дастаи Душанбе ба даст оварданд – 27 (8 тилло, 8 нуқра, 11 биринҷӣ), ШНТМ як тиллову як биринҷӣ, Хатлон-2 як тилло, Душанбе-1 як нуқраву ду биринҷӣ, Бадахшон як нуқраву як биринҷӣ, Суғд ду биринҷӣ, Хатлон-1, Рашт яктоӣ медали биринҷиро сазовор гардиданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо-2020:

Бонувон

-57кг
1. Аҳлия Муъминова (Душанбе)
2. Шукрона Қарчиева (Душанбе)
3. Ватансултон Шакаршоева (Душанбе)
3. Ҷаннатхон Қурбоналиева (Душанбе)

-70кг
1. Шоҳида Қаландарова (Душанбе)
2. Фазилат Гулбоева (Душанбе)
3. Гулафзо Гулова (Душанбе)
3. Мавлуда Одинаева (Душанбе)

Мардҳо

-60кг
1. Абумуслим Қаюмзода (Душанбе)
2. Сарвар Абдушукуров (Душанбе)
3. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (Душанбе-1)
3. Саъдӣ Собирзода (Душанбе)

-66кг
1. Баҳром Сӯфиев (Хатлон-2)
2. Муҳаммадисо Раҷабов (Душанбе)
3. Масъуди Аҳмадзод (Душанбе)
3. Фурқат Муборакқадамов (ВМКБ)

-73кг
1. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (Душанбе)
2. Қоим Шукронов (ВМКБ)
3. Муҳаммадиқбол Тошев (Суғд)
3. Алӣ Боқиев (Хатлон-1)

-81кг
1. Ҳақназар Назаров (ШНТМ)
2. Оламафрӯз Абдураҳмонов (Душанбе)
3. Ҳамроз Раҷабов (Суғд)
3. Умар Расулов (ШНТМ)

-90кг
1. Ҷаҳонгир Маҷидов (Душанбе)
2. Комрон Карликов (Душанбе)
3. Исроил Раҳимов (Душанбе-1)
3. Сабрулло Ҳикматуллоев (Душанбе)

-100кг
1. Фирдавс Насимов (Душанбе)
2. Носир Шерхонов (Душанбе)
3. Мансур Раҳмон (Душанбе)
3. Эмомризо Анварзода (Душанбе)

+100кг
1. Хуршед Маҷидов (Душанбе)
2. Толибҷон Тоҳиров (Душанбе)
3. Бобоҷон Бобоев (Душанбе)
3. Умед Камолов (Душанбе)

Даставӣ
1. Душанбе
2. Душанбе-1
3. Рашт