Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар Душанбе Чемпионат оид ба тенниси рӯи миз доир шуд

12.11.2020

: 860

Ҳафтаи гузашта дар Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5-и шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз баргузор шуд, ки дар натиҷа беҳтаринҳои ин намуди варзиш муайян гардиданд.

Ба иттилои директори иҷроияи Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон Сайдулло Саидамиров, дар чемпионат 80 варзишгар дар ҳайати 9 дастаи мардон ва 9 дастаи занон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар иштирок ва барои 16 маҷмуи медалҳо талош карданд. Дар натиҷа, варзишгарони вилояти Суғд 15 медал (10 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ), шаҳри Душанбе 17 медал (5 тилло, 5 нуқра, 7 биринҷӣ), Хатлон-2 15 медал (1 тилло, 7 нуқра, 7 биринҷӣ) ва Бадахшон як медали нуқра ба даст оварданд.

Ғолибону ҷоизадорони Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз дар соли 2020:

Даставӣ

Мардон
1. Суғд
2. Душанбе-1
3. Хатлон-2

Бонувон
1. Суғд
2. Хатлон-2
3. Душанбе-1

Ҷуфти мардон
1. Султонов Убайдулло / Зоири Ҷалил
2. Маҳмудов Афзал / Нусратуллозода Э.
3. Муҳаммадҷони Сироҷиддин / Дамири Шодӣ

Ҷуфти бонувон
1. Саидалимова Зулфинисо / Сумайя Амирӣ
2. Самадова Манижа / Саидбекова Ҳангома
3. Мусозода Ф. / Кулиева М.

Ҷуфти омехта
1. Султонов Убайдулло / Самадова Манижа
2. Дамири Шодӣ / Сумайя Амирӣ
3. Муҳаммадҷони Сироҷиддин / Саидалимова Зулфинисо

Инфиродӣ

Мардон
1. Султонов Убайдулло (Душанбе)
2. Маҳмудов Афзал (Суғд)
3. Зоири Ҷалил (Душанбе)

Бонувон
1. Саидалимова Зулфинисо (Суғд)
2. Сумайя Амирӣ (Хатлон-2)
3. Самадова Манижа (Душанбе)