Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баробарии гендерӣ дар варзиш муҳим аст

Баробарии гендерӣ дар варзиш муҳим аст Баробарии гендерӣ дар варзиш муҳим аст Баробарии гендерӣ дар варзиш муҳим аст Баробарии гендерӣ дар варзиш муҳим аст

12.11.2020

: 899

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Баробарии гендерӣ ва гуногуниҳои биологӣ”-и Ҳамбастагии олимпӣ 3-10 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ семинарҳои дурӯзаи “Таълимоти базавии гендерӣ барои варзишгарони пешсаф” доир кард.

Дар семинарҳои омӯзишӣ 60 нафар маъмури варзиш, асосан аз ҳисоби федератсияҳои миллии фаъол, клубҳо ва мактабҳои варзишӣ ширкат карданд ва дониши худро оид ба муҳим будани иштироки занон дар варзиш ва ҷалби онҳо ба мақомҳои роҳбарикунандаи ташкилотҳои варзишӣ такмил доданд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ ба ташкили шабакаи роҳбарон аз ҳисоби мардҳо барои баробарии гендерӣ, ҳамчунин таъсиси базаи моддӣ-техникии клубҳо барои духтарон дар минтақаҳо нигаронида шуда буд.
Маъмурони варзиш оид ба масъалаҳои гендерӣ, усулҳои муошират ва иртибот, инчунин малакаҳои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ оид ба бартараф намудани мушкилоти гендерӣ, ҷалби духтарон ба варзиш ва иштироки онҳо дар мусобиқаҳои варзишии тамоми сатҳҳо вобаста ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо омӯзонида шуданд.
Дар ҷараёни татбиқи барнома клубҳои варзишии духтарон муайян карда шуда, ба чорабиниҳои лоиҳавӣ ҷалб ва бо лавозимоти варзишӣ таъмин гардиданд.
Барномаҳо ва усулҳои кор бо ҷомеаҳои маҳаллӣ таҳия шуданд, ки гурӯҳи корӣ аввалин таҷрибаи худро дар самти сафарбаркунии мардон ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ба даст овард, мубодилаи иттилоот дар бораи зӯроварии ҷинсӣ сурат гирифта, мусобиқаи футболи хурд барои духтарон ташкил ва писарон ба ҳайси шарикони ҷонибдор барои баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоии духтарон дар соҳаҳои мақсаднок ва фаъолияти ихтисосӣ, саҳм гузоштан дар пешгирӣ ва рафъи нобаробарии гендерӣ ҷалб гардиданд.
Таъкид шуд, ки баробарии гендерӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад, ки ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф барномаву лоиҳаҳои гуногун дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад ва дар робита ба ин дар соҳаи варзиш низ сатҳи иштироки бонувон сол то сол меафзояд.
Иштирокчиёни семинарҳо сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро дарёфт карданд.