Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Равшан” – ғолиби лигаи наврасони Тоҷикистон (U-15)

20.10.2020

: 787

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни наврасони то 15-сола ғолиб шуд.

Чемпионат бо иштироки 10 даста дар ду марҳила доир гардид. Медалҳои тилло насиби дастаи “Равшан”-и Кӯлоб (мураббӣ Фаридун Рустамов) шуд. Медалҳои нуқраро дастаи “Суғд” (мураббӣ Аҳрор Ғафуров) ва медалҳои биринҷиро дастаи МҶМОВ (мураббӣ Ҳасан Раҷабов) ба даст оварданд.
Маросими пӯшидашавӣ ва ҷоизасупории чемпионат дар Душанбе баргузор шуд. Дар он ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов, директори лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар Увайдо Давлатбеков ширкат карданд.
Зиёвуддин Каримов аз дастаи МҶМОВ беҳтарин бозингари дастаҳо дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин бозингари чемпионат бошад, ба Ҳайдаршо Худойдодов (“Суғд”) тақдим гардид. Бо 21 гол Диловар Азизов (“Равшан”) беҳтарин нишонзан эълон шуд. Ҷоизаи беҳтарин мураббиро Фаридун Рустамов (“Равшан”) азхуд кард.

Лигаи футболи наврасони Тоҷикистон (U-15)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастӣ

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                           Б      Ғ      М      Б     Т-Т            Х    
 1  "Равшан" (Кӯлоб)  18  15  1  2  55-24  46
 2  "Суғд" (вилояти Суғд)  18  13  2  3  52-23  41
 3  МҶМОВ (Душанбе)  18  12  1  5  56-21  37
 4  "Ваҳдат" (Ваҳдат)  18  10  2  6  43-19  32
 5  "Зарбдор" (Исфара)  18  10  0  8  31-34  30
 6  ММВЗО "Соро компания" (Душанбе)     18  7  3  8  55-40  24
 7  "Дӯстӣ" (Ҷайҳун)  18  6  0  12  38-36  18
 8  МҶМОВ-2 (Душанбе)  18  4  1  13  36-74  13
 9  "Хатлон" (Бохтар)  18  4  0  14  35-80  12
 10  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  18  4  0  14  25-75  12