Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футзал: ба “Сипар” як ғалабаи дигар даркор, то чемпион шавад

19.10.2020

: 839

Дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и пойтахт дар ду силсилабозиҳои финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2020 ғалаба карда, ба дарёфти унвони чемпионӣ наздик шуд.

Бозии аввали дастаҳои мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи пеналтӣ бахти хуҷандиҳо омад кард – 4:3. Дар бозии дуюм бошад, “Сипар” бо ҳисоби 6:2 бар “Соро компания” ғолиб омад. Ҳар ду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд.
Ҳамин тариқ, клуби Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.
Бозии навбатии дастаҳо 24 октябр сурат мегирад. “Соро компания” дар Душанбе “Сипар”-ро қабул мекунад.
Дар ду бозӣ барои ҷои сеюм бошад, дастаи “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе бар тими “Истаравшан” ғалаба кард – дар бозии аввал бо ҳисоби 8:5, дар бозии дуюм бо ҳисоби 6:5. Футболбозони “Муҳоҷир” дар силсилаи бозиҳо барои ҷои сеюм бо ҳисоби 2:0 пешсафанд ва мумкин аст дар бозии навбатӣ медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистонро ба даст биёранд.